Феврал 26, 2022 22:42 Asia/Dushanbe
  • Бозикуни тоҷикӣ Персполис: Хушҳолам, ки ризояти кодри фанниро ба даст овардам

Бозикуни тоҷики Персполин бо ибрози ризоят аз амалкарди худ дар роҳёби ба таркиби аслии бошгоҳ гуфт: Хушҳолам, ки ризояти кодри фанниро ба даст овардам.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бозикуни тоҷикистонии Персполис бештар аз Сафаров ҳамаватни худ тавонист ризояти Яҳё Гулмуҳаммадиро ҷалб кунад. Ӯ муқобили Гулгуҳари Сирҷон ҳам хуб бози кард ва аз Персполис хабар мерасад Гулмуҳаммадӣ комилан аз амалкарди ин бозикуни тоҷик рози аст ва эҳтимолан дар бозиҳои оянда ҳам ба ӯ бози медиҳад.

Ваҳдат Ҳанонов дар ин маврид ба ҳамкорони мо гуфт: Хушҳолам, ки тавонистам ризояти мурабиёниамро ҷалб кунам медонам, ки сатҳи тавақу аз Персполис боло аст ва ин тим дар панҷ соли гузашта қаҳрамон шуд, ба ҳамин далел ҳаводорон ба камтар аз он розӣ нестанд ба ҳамин далел мо бояд талош кунем дар бозиҳои боқимонда натоиҷи хуб касб кунед ва боз ҳам қаҳрамон шавем то ҳаводорони Персполис аз амалкардамон розӣ бошанд.

Ҳанонов гуфт: Табиъи аст тиме, ки ҳар соли қаҳрамон мешавад, наметавонад бо ноибқаҳрамонӣ ҳаводорони худро хушҳол кунад.