Феврал 27, 2022 17:50 Asia/Dushanbe

Тоҷик – ба маънии ҳамаи порсизабонон аст. Ин нуктаро Cайид Ҳасани Амин, пажӯҳишгар ва профессори эронӣ дар як мақолаи худ зикр кардааст.

Профессор Сайид Ҳасани Амин, раиси ҳайати мудираи Анҷумани ҳамандешони Эрони фарҳангӣ, бо иншои ин мақола таъкид бар он дорад, ки дар адабиёти форсии классикӣ вожаи “тоҷик” дар баробари “турк” ба кор мерафтааст.

Раиси ҳайати мудираи Анҷумани ҳамандешони Эрони фарҳангӣ дар хусуси ба чунин натиҷагирӣ расидани худ дар мақолаи иншошудааш гуфт: Санади ин мавзуъ – номаҳои салотини сарзамини Эрон ва сарчашмаҳои адабӣ ва шеърӣ аст.

Шояд, ки ба подшаҳ бигӯянд,

Турки ту бирехт хуни тоҷик.

Саъдии Шерозӣ

 

Оқои дуктур Сайид Ҳасани Амин мегӯяд, вожаи “тоҷик” дар адабиёти форсӣ фаровон ба кор рафта ва байти боло аз шайх Саъдии Шерозӣ, ки аҳли Порс буд, аммо худро тоҷик медонист, далолат бар ин нукта дорад, ки вожаи “тоҷик” ба маънои порсизабон аст ва бар ҳамаи порсизабонон итлоқ мешудааст.

Ин пажӯҳишгари эронӣ вожаи “тозӣ”-ро, ки дар адабиёти форсӣ ба маънои араб истифода мешавад, низ ба чолиш кашида ва “тоз”-у “тоҷ”-ро ҳамреша медонад, ки қабл аз пайдоиши араб вуҷуд доштааст ва дар достонҳои куҳани эронӣ зикр шудааст.

Бузургони форсу тоҷик

 

Профессор Сайид Ҳасани Амин, раиси ҳайати мудираи Анҷумани ҳамандешони Эрони фарҳангӣ дар поёни суҳбати ихтисосии худ бо радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба решаи таърихӣ ва фарҳангу тамаддунии Тоҷикистону Эрон ишора кард ва муҳаббату самимияти хоси худро ба тоҷику тоҷикистонӣ иброз дошт.

Дар бораи вожаи “тоҷик” баҳсу андешаҳои мухталиф вуҷуд дорад. Аслитарин таҳқиқ дар бораи вожаи “тоҷик”, ки дигар манобеъ низ аз он истифодаи фаровон кардаанд, пажӯҳиши Садриддин Айнӣ, бунёнгузори адабиёти форсии тоҷикӣ аст.

Садриддин Айнӣ

 

Дар бораи вожаи “тоҷик” баҳсу андешаҳои мухталиф вуҷуд дорад. Дар миёни вожаҳои халқу миллатҳо танҳо вожаи “тоҷик” нест, ки сари он баҳс мешавад. Пажӯҳишгарони ҷаҳон ба монанди баҳси вожаи “тоҷик”, бо вожаҳои дигари миллату қавмҳо низ ба баҳс мепардозанд. Масалан, дар бораи вожаи “рус” 35 назар аз тарафи андешамандону олимони кишварҳои хориҷӣ ва рус матраҳ шудааст. Ҳамчунин вожаҳои “турк”, “қазоқ”, “олмонӣ” ва ғайра дар сарзаминҳояшон қобили баҳс аст.

Дар бораи вожаи “тоҷик” мисли вожаҳои миллатҳову халқҳои дигар баҳс идома дорад ва пажӯҳишгарон таҳқиқоти худро идома медиҳанд. Профессор Сайид Ҳасани Амин низ омодагии худро барои исботи пажӯҳиши хеш дар ин мавзуъ, бо санаду далел эълом кардаву мунтазири фурсате ҳаст то дар ҳамоиши илмие дар ин хусус бо олимону пажӯҳишгарон ба баҳс бинишинад ва фактҳои худро матраҳ кунад.            

 

Исфандиёр Халилӣ

Барчасп