Хориҷ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Украина
Сафири Тоҷикистон дар Киев эълом кард, ки феҳристи шаҳрвандони тоҷик, ки хостори хуруҷ аз Украина ҳастанд,омода шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, Давлаталӣ Назризода гуфт : Дар Украина ҳудуди 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд,ки 101 нафар аз онон донишҷӯ ҳастанд.
Вай афзуд : Ба далели вахомати авзоъ дар Киев интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон аз роҳи заминӣ ба марзҳои Молдова, Полша, Руминия ва дигар кишварҳо дар ғарби Украина дар ҳоли баррасӣ аст .
Сафири Тоҷикистон дар Украина изҳор кард бо мақомоти шуморе аз кишварҳои ҳамсояи Украина тавофуқ шуд, ки имкони сафари бидуни раводиди шаҳрвандони тоҷик барои парвоз ба Тоҷикистонро фароҳам кунанд .
Ӯ таъкид кард, ки то кунун теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз Украина хориҷ шуда ва ба бақия осебе нарасидааст.