Март 01, 2022 21:07 Asia/Dushanbe
  • Боздиди 300 ҳазор нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмиллалии Дубай
    Боздиди 300 ҳазор нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмиллалии Дубай

Масъулони Тоҷикистон эълом карданд, ки 300 ҳазор нафар аз ғурфаи ин кишвар дар намоишгоҳи байналмиллалии Дубай боздид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, беш аз 300 ҳазор нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмиллалӣ "EXPO-2020" Дубай боздид карданд.

Гуфта мешавад, ки ҳар ҳафта ба таври миёнгин 32 ҳазор нафар аз сокинони Дубай ва меҳмонони Амороти Мутаҳидаи Араби аз ин ғурфа боздид мекунанд.

Дар ғурфаи Тоҷикистон 50 ширкат, вазоратхонаҳо ва идорот ва намояндагони бахши хусусии Тоҷикистон дастовардҳои худро ироа карданд.

Ин дар ҳоле аст, ки Ҷамшед Ҷумъахонзода раиси утоқи саноеъ ва бозаргонии Тоҷикистон аз тавофуқи содироти хушкбор ва гавҳарсангҳои ин кишвар ба Амороти Мутаҳидаи Арабӣ хабар дод, ки дар ҳошияи ин шамоишгоҳ имзо шуда аст.

Намояндагони 185 кишвар аз ҷумла Эрон ва Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ ҳузур доранд.

Ҳудуди 25 дарсад аз боздидкунандагони "EXPO-2020" ҷавонон ҳастанд.

Намоишгоҳи ҷаҳонии "EXPO-2020" Дубай аз аввали октиябри 2021 то 31 марти соли 2022 ба муддати 182 рӯз баргузор мешавад.    

 

Барчасп