Афзоиши теъдоди парвоз дар масири Русия ба Тоҷикистон
Русия аз 14 марти имсол теъдоди парвозҳои худ ба 16 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро афзоиш медиҳад.
Бино бар тасмими Ситоди пешгирӣ аз вуруд ва густариши вируси ҳамагири корона дар Русия, ин кишвар қасд дорад аз миёнаҳои марти имсол теъдоди парвозҳои худ дар масири 16 кишвари мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро афзоиш диҳад.
Феҳристи кишварҳое, ки теъдоди парвозҳо дар масири онҳо афзоиш меёбад, шомили Тоҷикистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Баҳрайн, Ветнам, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Муғулистон, Арабистони Саудӣ, Узбакистон, Ҳинд, Сербия ва Таиланд мешавад.
Илова бар ин, аз 14 март Ситоди амалиётии ҷилавгирӣ аз вуруд ва густариши вируси корона дар Русия, иртиботи ҳавоӣ бо Чин ва Индонезияро аз сар хоҳад гирифт.
Теъдоди парвозҳо дар масири «Маскав – Хуҷанд» аз 2 ба 4 парвоз ва байни «Жуковский – Душанбе» ва «Жуковский – Хуҷанд» ба теъдоди 4 парвоз дар ҳафта афзоиш меёбад.
Ҳамчунин Русия теъдоди парвозҳо дар масири «Маскав – Тошканд» - ро аз 4 то 7 парвоз, «Маскав – Бухоро», «Маскав – Самарқанд», «Маскав – Урганҷ», «Маскав – Намангон», «Маскав – Фарғона», «Маскав – Андиҷон» ва «Маскав – Тирмиз» - ро аз як то 2 парвоз дар ҳафта афзоиш медиҳад.