Март 02, 2022 11:03 Asia/Dushanbe
  • Изҳороти раиси Маркази мутолеоти роҳбурдии Тоҷикистон

Раиси Маркази мутолиеоти роҳбурдии Тоҷикистон гуфт, Тоҷикистон кишвари фаъоли Осиёи Марказӣ дар раванди якпорчасозии минтақаӣ аст.

Ба гузориши «Ховар», Хайриддин Усмонзода дар ҳамоиши “Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ бар вазъият ва чашмандози таъсирпазирӣ” бар аҳамияти баргузории чунин ҳамоиш барои тақвияти якпорчасозии минтақаӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва шарикони стратегии онҳо таъкид кард.

Ӯ афзуд, Тоҷикистон ба унвони бахше ҷудоинопазири минтақа нисбат ба фарояндҳои Осиёи Марказӣ бетафовут нест.

Раиси Маркази мутолеоти роҳбурдии Тоҷикистон изҳор дошт, Тоҷикистон ҳамкориҳои минтақаии густардаро муҳимтарин абзор барои расидагӣ ба масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ, зистмуҳитӣ ва тазмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ медонад ва ин мавзуъро дар амали сиёсии худ дар 30 соли истиқлол борҳо нишон додааст.

Ӯ идома дод, мо бо ҳам ва дар ҳамкории созандаву эътимоди мутақобил метавонем дар баробари таҳдидоту чолишҳои модерни ҷаҳонӣ дар минтақа муқовимат кунем, зеро ҳамгароии созандаи минтақаӣ ба нафъи ҳамаи давлатҳо ва мардуми минтақа ва ҳар кишвари Осиёи Марказӣ аст.

 

Барчасп