Март 02, 2022 15:19 Asia/Dushanbe
  • Шуғли доимии 4 ҳазору 500 коргари муҳоҷири тоҷик дар Русия

4 ҳазору 500 коргари муҳоҷири тоҷик дар Русия аз фурсати иштиғоли доимӣ бархӯрдор ҳастанд.

Ба гузориши сомонаи «Спутник», дафтари намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия эълом кард, ҳамчунин бо намояндагони ширкатҳои русӣ дар соли 2021 беш аз 137 нишаст барои баррасии мавзуи фиристодани дастаҷамъии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Тоҷикистон, бар асоси ниёзи тарафи русӣ баргузор шуд.

Гуфта мешавад, ки бо мусоидати дафтари намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия дар соли 2021 миллионҳо рубл дастмузди пардохтнашудаи коргарони муҳоҷири тоҷик низ пардохт шудааст.

Мақомоти Русия мегӯянд, беш аз 1 миллион нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик бар асоси муҷаввизи расмӣ дар ин кишвар фаъолият мекунанд.

 

Бештар бихонед: