Шуғли доимии 4 ҳазору 500 коргари муҳоҷири тоҷик дар Русия
4 ҳазору 500 коргари муҳоҷири тоҷик дар Русия аз фурсати иштиғоли доимӣ бархӯрдор ҳастанд.
Ба гузориши сомонаи «Спутник», дафтари намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия эълом кард, ҳамчунин бо намояндагони ширкатҳои русӣ дар соли 2021 беш аз 137 нишаст барои баррасии мавзуи фиристодани дастаҷамъии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Тоҷикистон, бар асоси ниёзи тарафи русӣ баргузор шуд.
Гуфта мешавад, ки бо мусоидати дафтари намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия дар соли 2021 миллионҳо рубл дастмузди пардохтнашудаи коргарони муҳоҷири тоҷик низ пардохт шудааст.
Мақомоти Русия мегӯянд, беш аз 1 миллион нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик бар асоси муҷаввизи расмӣ дар ин кишвар фаъолият мекунанд.
Бештар бихонед:
- Мушкили пардохти нафақаи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳал шуд
- Хадамоти мушовираи ҳуқуқӣ ба коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия
- Ҳатмӣ шудани дафтарчаи муоинаи пизишкӣ барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия