Ноябр 21, 2016 10:51 Asia/Dushanbe
  • Зоиров: Тоҷикистон бояд узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шавад

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон пайвастан ҳарчи сареътари кишварашро ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё хостор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар сафҳаи фейсбуки худ навишт: Тоҷикистон ҷуз пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё роҳи дигаре барои тақвияти ҳамгароии минтақаӣ надорад.

Вай таъкид кардааст, ки дар маҳофили коршиносӣ ва миёни нухбагони сиёсӣ дар ҳукумати Тоҷикистон бештар нигаронӣ дар бораи паёмадҳои пайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё матраҳ аст, то манофеъ ва имтиёзоте, ки Тоҷикистон аз ин иқдоми касб хоҳад кард.

Ба эътиқоди Зоиров, дар шароите, ки беҳбуди авзои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии беш аз як миллион нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия ба узвияти кишвар дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бастагӣ дорад, бархе аз мақомоти ҳукуматӣ дар Душанбе бо нодида гирифтани ин мавзуъ талош мекунанд, ки бо шиорҳои "истиқлоли амал", "манофеи миллӣ" ва амсоли он, фаъолияти ин ниҳоди ҳамгароии минтақаиро зери савол бубаранд.

Зоиров ин мавзеъгириҳоро "комилан супоришӣ ва ғайривоқеӣ" дониста, ки танҳо баёнгари манофеи ҳукумати Тоҷикистон аст на мардуми ин кишвар.

Дар навиштаи фейсбукии Зоиров таъкид шудааст, бо узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дигар ниёзе ба пардохти ҳазинаи гарон ва дарёфти иҷозатномаи кор ва иқомат барои коргарони муҳоҷири ин кишвар дар Русия вуҷуд надорад ва ин афрод метавонанд озодона дар ҳар ҷои Русия барои худ кор пайдо кунанд.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон афзудааст, давлати Русия барои мутақоид сохтани давлати Тоҷикистон ба пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аз тавони кофӣ бархурдор аст, то заминаи беҳбуди шароити ҳузури коргарони муҳоҷири тоҷик дар қаламрави Русия ва Қазоқистон фароҳам гардад, бинобарин ҳукумати Тоҷикистон низ бояд ҳарчи сареътар дархости расмии худро барои пайвастан ба ин иттиҳод ироа диҳад ва ба мавозеи мухолифи Амрико ва Чин таваҷҷуҳ накунад.