Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон
Март 03, 2022 17:04 Asia/Dushanbe
Сафири Тоҷикистон дар Бишкек бо муъовини аввали вазири умури хориҷаи Қирғизистон мулоқот кард.
Ба гузориши радоиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, Назирмуҳаммад Ализода ва Нурон Ниёзалиев дар ин дидор дар бораи вазъи ҳамкориҳои байниякдигарӣ ва равобити дуҷониба баҳсу табодули назар карданд.
Дар ин дидор бар зарурати ҳамоҳангии бештар миёни вазоратхонаҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон, суръат бахшидан дар фаъолияти комисюни аломатгузории марзӣ ва баргузории нишасти мақомоти ду кишвар барои поён додан ба ихтилофоти марзӣ таъкид шуд.