Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Кобул
(last modified Fri, 04 Mar 2022 13:38:48 GMT )
Март 04, 2022 18:38 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Кобул

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Кобул боздошт шуд.

Ба гузориши “Форс”, Толибон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Кобул хабар дод, ки гӯё вориди пойтахти Афғонистон шудаву алайҳи ин гуруҳ эъломи ҷиҳод кардааст.

Ин ҷавон дар видеое, ки аз сӯи Толибон мунташир шудааст, номи худро Умед ва тахаллусашро Аҳмад Фарид, шаҳрванди Тоҷикистон эълом кардааст.

Вай гуфтааст, ки аз Тоҷикистон ба Русия, аз Русия ба Туркия ва Афғонистон сафар кардааст то алайҳи Толибон ҷиҳод кунад.

  • Нашрияи “Иттилооти рӯз”, чопи Кобул ба нақл аз як манбаъ дар Вазорати дохилаи Толибон эълом кардааст, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар ноҳияи понздаҳуми Кобул боздошт шудаву гумонбар ба иртибот бо гуруҳи ДИИШ аст.

Ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон ҳеҷ вокунише ба ин видео нишон надодаанд.