Мушкили хариди асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон
Март 05, 2022 11:23 Asia/Dushanbe
Дар пайи ташдиди ҷанг миёни Русия ва Украина мушкили хариди асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон эҷод шудааст.
Ба сомонаи ТоҷВик, бонкҳои Тоҷикистон ба муштариён эълом карданд, ки фақат метавонанд харидори арз бошанд ва барои фурӯш манобеи молӣ дар ихтиёр надоранд.
Ин дар ҳоле аст, ки теъдоде аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия гуфтаанд, арсоли пул ба Тоҷикистон маҳдӯд шуда ва фақат аз тариқи карт ба карт метавонанд даромади худро интиқол диҳанд.
Бархе коршиносони иқтисодӣ низ муътақиданд ба бонкҳои Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки фурӯши асъори хориҷӣ маҳдуд кунанд то дар кишвар барои воридоти маҳсулот захираи кофӣ дошта бошанд.
Барчасп