Искони теъдоде аз шаҳрвандони тоҷики хориҷшуда аз Украина дар маркази тиҷории Полша
Март 06, 2022 15:47 Asia/Dushanbe
Теъдоде аз шаҳрвандони тоҷики хориҷшуда аз Украина дар маркази тиҷории Полша(Лаҳистон) искон ёфтанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топтҷ, гуфта мешавад теъдоди ин афрод ҳудуди 200 нафар аст, ки дар миёни онон кудакон низ ҳастанд .
Бештари онон дар Украина кору таҳсил мекарданд, ки ба далели ташдиди даргириҳо худро ба Полша расонданд .
Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом карданд аз 4 ҳазор нафар атбоъи ин кишвар дар Украина то кунун 900 тан хориҷ шудаанд .
Мақомоти Вазорати хориҷа ва сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Полша, Молдова ва Руминия дар ҳоли хурӯҷи ин афрод аз Украина ҳастанд .
Барчасп