Март 06, 2022 21:14 Asia/Dushanbe
  • Аз 12 то 20 сол зиндон барои шаҳрвандони тоҷики ҳозир дар даргириҳои низомии Русия ва Украина
    Аз 12 то 20 сол зиндон барои шаҳрвандони тоҷики ҳозир дар даргириҳои низомии Русия ва Украина

Ҳуқуқдони тоҷик эълом кард, ки барои шаҳрвандони тоҷик, ки дар даргирии Русия ва Украина аз ҳар ду тараф ширкат мекунанд, дар кишварашон аз 12 то 20 сол зиндон дар назар аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, Навруз Одинаев бо ишора ба бархе аз хабарҳо дар бораи мушорикати шаҳрвандони Тоҷикистон дар даргирии миёни Русия ва Украина гуфт, ки бар асоси банди 401 қонуни ҷиноии кишвар барои ин афрод маҳкумият ба зиндон аз 12 то 20 сол таъин шуда аст.

Ин қонун шомили талош барои ҷазби шаҳрвандони Тоҷикистон ва эъзоми онҳо ба манотиқи даргирӣ дар хориҷ аз ин кишвар мушорикати мустақими онҳо дар ҷанг унвон мешавад, ки дар кишварашон муҷозоти сангини маҳкумият ба зиндонро дар пай дорад.

Ин дар ҳоле аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоъи наворҳои видеои дар бораи дарёфти шаҳрвандии Русия дар  3 моҳ барои коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ, ки дар ҷанг бо Украина ширкат мекунанд мунташир шуда аст. Аммо мақомоти расмии Русия ин иддаоро рад мекунанд.

 

Барчасп