Табрики Гутерриш ба давлат ва мардуми Тоҷикистон
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар паёме ба давлат ва мардуми Тоҷикистон, сиюмин соли узвияти ин кишвар дар СММ - ро табрик гуфт.
Дар ин паём омадааст: Дар се даҳаи гузашта мо мушорикатҳои наздиктареро барои дастёбӣ ба сулҳ, субот ва пешрафти иҷтимоӣ дар минтақа ва саросари ҷаҳон эҷод кардем. Тоҷикистон яке аз ҳомиёни муҳими системаи чандҷониба буда, ки аҳдофи тавсеаи пойдорро тарвиҷ ва ба чолишҳои ҷаҳонӣ расидагӣ мекунад.
Бинобар суханони Гутерриш, ҳамон тавр, ки дар талош барои беҳбудӣ аз асароти ҳамагирии Ковид - 19 ҳастем, муътақидем, ки бо ҳам метавонем ба ҷомеае инъитофпазиртар ва одилонатар табдил шавем.
Вай афзуд, ба лутфи ҳамбастагӣ, ваҳдати ҳадаф ва рӯҳияи тозаи гуфтугӯ, созишу оштӣ, метавонем бо чолишҳое ки бо он рӯ ба рӯ ҳастем, муқобила кунем ва ормони аслии Созмони Милали Муттаҳид барои сулҳ, рифоҳ ва ҳуқуқи башарро барои ҳама муҳаққақ кунем.
Дар поёни ин нома омадааст: Бори дигар аз ҳимояти Шумо аз Созмони Милали Муттаҳид дар се даҳаи гузашта сипосгузорам. Мо муштоқона мунтазири тақвияти бештари равобити худ дар солҳои оянда ҳастем.