Март 07, 2022 12:10 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси 11 миллион сомонӣ дар Хатлон барои сохти мактабҳо

Мақомоти вилояти Хатлон аз ҷудо шудани 11 миллион сомонӣ барои такмили сохти 13 мактаби ниматамом хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи нашрияи “Фараж”, ин мақомот мегӯянд, дар қаламрави вилоят 13 мактаби ниматамом вуҷуд дорад, ки ба манзури такмили ин марокизи омӯзишӣ дар соли ҷорӣ 11 миллион сомонӣ харҷ хоҳад шуд.

Ин мактабҳо дар шаҳрҳои Кӯлоб, Леваканд, навоҳии Ҷалолиддини Балхӣ, Хуросон, Қубодиён, Дӯстӣ ва Шаҳритӯс қарор доранд.