Март 07, 2022 14:17 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Тоҷикистон дар Маскав бо мақомоти Ҷумҳурии худмухтори Бошқирдистони Русия

Дар дидори сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маскав бо мақомоти Ҷумҳурии худмухтори Бошқирдистони Русия густариши ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода дар дидор бо Радий Хабиров, раиси ҷумҳурӣ ва Темур Ҳакимов, мудири Палатаи саноат ва бозаргонии Бошқирдистон роҷеъ ба густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодиву тиҷорӣ, ҷазби коргарони муҳоҷири тоҷик, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ баҳсу табодули назар кард.

Дар ин дидорҳо таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Бошқирдистони Русия аз зарфиятҳои фаровони ҳамкорӣ дар заминаҳои иқтисодиву тиҷорӣ бархурдоранд, ки бояд барои истифода аз ин имконот барномарезӣ шавад.

Ҳамчунин роҳҳои афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Бошқирдистон ва воридоти маҳсулоти петрошимӣ аз ин ҷумҳурӣ ба Тоҷикистон дар ин мулоқот баррасӣ шуд.

 

 

 

 

Барчасп