Фаъолияти гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистону Узбекистон ба ҳоли оддӣ бармегардад
Cитоди ҷумҳуриявии муқобила бо вируси корона аз оддӣ шудани фаъолияти гузаргоҳҳои марзии ин кишвару Узбекистон аз рӯз 15 марти соли ҷорӣ хабар дод.
Ба гузориши сомонаи Ховар, аз ин таърих танҳо доштани гувоҳиномаи тазриқи воксани корона барои убур аз гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон бо Узбекистон кофӣ аст ва дигар ниёзе ба анҷоми озмоиши ҷадид вуҷӯд надорад.
Дар иттилоияи Cитоди ҷумҳуриявии муқобила бо вируси коронаии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки атбои Узбекистон ва дигар кишварҳои узви ИДМ, ки қасди вуруд ба Тоҷикистонро доранд, бо доштани гувоҳиномаи тазриқи воксани корона бидуни мамониат метавонанд ба Тоҷикистон сафар кунанд.
Далели бозгашти фаъолияти гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистону Узбекистон ба ҳолати оддӣ беҳбуди вазъи бемории Ковид 19 унвон шудааст.
Ин гузаргоҳҳо аз баҳори соли 2020 ба далели густариши ин беморӣ баста шуд ва баъдан рафту омади атбои ду кишвар бо маҳдӯдият, аз ҷумла илзомӣ будани доштани баргаи озмоиши манфии бемории Ковид 19 анҷом мешуд.