Март 10, 2022 11:00 Asia/Dushanbe
  • Музейи милли Тамаддуни Миср дар шаҳристони Фастотои шаҳри Қоҳира қарор дорад
    Музейи милли Тамаддуни Миср дар шаҳристони Фастотои шаҳри Қоҳира қарор дорад

Раисиҷумҳурии Тоҷикистон дар сафари расмии худ ба Миср аз мӯзейи миллии ин кишвар боздид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон музейи милли Тамаддуни Миср дар шаҳристони Фастотои шаҳри Қоҳира дар замини ба васъати 13 гегтар воқеъ шуда ва панҷоҳ ҳазор асари таърихи дар он нигаҳдори мешавад.

Дар ин музей дастовардҳои Мисрро дар арсаҳои мухталифи зиндагӣ аз оғози таърих то ба имрӯз ба намоиш гузошта шудааст.

Сохти мӯзейи миллии Тамаддуни Мисрро Юнеску дар чорчӯби ибтикори байналмиллалӣ барои таъсиси мӯзейи миллии Тамаддун ва музейи Нубо дар Усвон пас аз оғози ковушҳои бостошиносӣ дар соли 2000 оғоз шуд.

Ҳамчунин раисиҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои санъати "Ҷипту Формо"  дар Минтақатул Ханкоъи Мисрро боздид кард.

Ба раисиҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ширкати  Ҷипту Формо яке аз бузургтарин ширкатҳои дорӯсозӣ дар Ховармиёна аст. Ин ширкат зарфияти тавлиди анвоъи гуногӯни дорӯро дорад.

 

Бештар биҳонед:

Барчасп