Март 11, 2022 20:39 Asia/Dushanbe
  • Даъвати Эмомалӣ Раҳмон аз сармоягузорони мисрӣ барои таъсиси корхонаҳои муштарак

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафар ба Миср аз ду маркази саноатӣ ва дорусозии ин кишвар боздид кард.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, Эмомалӣ Раҳмон дар боздид аз корхонаи “T&Cи Garments”, ки ба тавлид ва духти либос ихтисос дорад, бо раванди фаъолияти 4 ҳазор коргари ин маркази саноатӣ ошно шуд.

Вай ҳамчунин дар боздид аз корҳонаи дорӯсозии Миср дар Қоҳира, ки бузургтарин тавлидкунандаи дору дар шимоли Африқо мебошад, дар ҷараёни фаъолияти ин марказ қарор гирифт.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо масъулони ин ду маркази тавлидии дору дар бораи мушорикати онон дар сохти корхонаҳои муштарак дар манотиқи озоди иқтисодӣ ва имтиёзоте, ки дар кишвараш ба сармоягузорони хориҷӣ эъто мешавад, иттилоъ дод.

Вай таъкид кард, ки Тоҷикистон ба далели доштани гиёҳони зиёди доруӣ ва нахи панба омода аст барои таъсиси корхонаҳои муштарак бо Миср мусоидат кунад.

 

 

 

 

Барчасп