Афзоиши қимати маводи ғизоӣ ва арзҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон
(last modified Fri, 11 Mar 2022 16:18:56 GMT )
Март 11, 2022 21:18 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қимати маводи ғизоӣ ва арзҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон

Ҳамзамон бо таъсири буҳрони Украина ва коҳиши арзиши сомонӣ - воҳиди пули миллии Тоҷикистон, қимати маводи ғизоӣ ва сӯхт низ дар ин кишвар афзоиш ёфт.

Ба гузориши “Авесто”, қимати ҳар кисаи 50 килограмии орд, ки ҳафтаи қабл 280 сомонӣ таъйин шуда буд, акнун ба 340 сомонӣ расидааст.

Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси гузориши Бонки Миллии Тоҷикистон нархи як доллар, ки ду рӯз қабл 11 сомониву 30 дирам муқаррар шуда буд, акнун ба 13 сомонӣ расидааст.

Ба далели камёб шудани доллар дар бонкҳои тиҷории Тоҷикистон, ин шохис дар бозори ғайрирасмӣ 14 сомонӣ мебошад.

Ҳамчунин тайи рӯзҳои ахир дар Тоҷикистон нархи бензин ва сӯхти дизелӣ низ афзоиш ёфта ва акнун барои ҳар як литр аз ин ду навъи сӯхт бояд наздик ба 12 сомонӣ пардохт кард.

Аз дидгоҳи коршиносон, яке аз далоили афзоиши қимати маводи ғизоӣ, сӯхт ва арзҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон тайи рӯзҳои ахир, буҳрони Украина мебошад, ки боиси коҳиши фаъолиятҳои тиҷорӣ мешавад.