Ноябр 22, 2016 10:30 Asia/Dushanbe
  • Зиндонӣ шудани як тоҷикистонӣ ба ҷурми тамошо ва интишори филмҳои ДИИШ

Додгоҳи шаҳри Курган дар Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми тамошо ва интишори филмҳои таблиғотии гурӯҳи террористии ДИИШ ба таҳаммули зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз сайти Додситонии шаҳри Кургани Русия, ин додгоҳ Ҷумъахон Зоиров, шаҳрванди 31- солаи Тоҷикистонро ба 2,5 соли зиндон маҳкум кардааст.

Бар асоси ин гузориш, Зоиров аз моҳи октябри соли 2012 то апрели имсол филмҳои таблиғотии гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар сафҳаи Вконтакти мунташир кардааст.

Бо ин ҳол, Александр Ковалский, вакили мудофеи ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳукми додгоҳи шаҳри Курган алайҳи муваккилашро ғайриодилона хонда ва гуфтааст, ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳад кард.

Ковалский афзуд, Зоиров ба далели ноошноӣ бо забони русӣ ин филмҳоро фақат дар сафҳаи телефони ҳамроҳи худ дида ва аз имкони ирсоли ин филмҳо ба дигарон иттилоъ надоштааст.

Ба гуфтаи ин вакили мудофеъ, Зоиров ҳаргиз аз гурӯҳи террористии ДИИШ ҳимоят накардааст.

 

Барчасп