Муъаррифии фурсатҳои сармоягузорӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Чин
Ҳамоиши муштараки тиҷоратии Тоҷикистон ва Чин бо ширкати намояндагон, ниҳодҳои давлатӣ ва маҳофили касбу кори ду кишвар баргузор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард ин ҳамоиш бо ҳадафи иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда дар мулоқоти раисони ҷумҳурии ду кишвар дар заминаи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳамчунин ҷазби ширкатҳои чинӣ ба раванди шитобахшӣ дар рушди саноати ин кишвар анҷом шуд.
Дар ин ҳамоиш намояндагони Кумиати давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатӣ, Вазорати саноат ва фановариҳои навин ва Кумитаи андози Тоҷикистон ба намояндагони ширкатҳои чинӣ фурсатҳои сармоягузорӣ, заминаои ҳуқуқӣ ва шароити матлуби фаъолият дар қаламрави ин кишварро тавзеҳ доданд.
- 210 миллиондоллар сармоягузории Чин дар соли 2021 дар иқтисоди Тоҷикистон
- Эҳдои таҷҳизоти хадамоти шаҳрии Чин ба шаҳрдори Душанбе
Сафири Тоҷикистон дар Пекин раёсати Кумитаи давлатии сармоягузори ва мудирияти амволи давлатии Чин, Кумитаи давлатии Чин дар умури ислоҳот ва тавсеъа, дабири кулли тавсеаи корхонаҳои чинӣ дар хориҷ, намояндагони вазоратҳо ва ниҳодҳои давлатӣ ва ширкатҳои тоҷикӣ ва Чин, дар маҷмуъ 150 нафар дар ин ҳамоиш ширкат карданд.