Дифоъ аз рисолаҳои докторӣ дар Тоҷикистон маҳдуд шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i8263-Дифоъ_аз_рисолаҳои_докторӣ_дар_Тоҷикистон_маҳдуд_шуд
Комиссияи олии арзишёбии вобаста ба Вазорати омӯзиш ва улуми Русия, фаъолияти Шӯрои илмии Фарҳангистони тарбияти муаллими Тоҷикистонро дар заминаи дифои рисолаҳои докторӣ мутаваққиф кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 22, 2016 07:09 Asia/Dushanbe
  • Дифоъ аз рисолаҳои докторӣ дар Тоҷикистон маҳдуд шуд

Комиссияи олии арзишёбии вобаста ба Вазорати омӯзиш ва улуми Русия, фаъолияти Шӯрои илмии Фарҳангистони тарбияти муаллими Тоҷикистонро дар заминаи дифои рисолаҳои докторӣ мутаваққиф кард.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз сайти “Топ.тҷ”, Ирина Каримова, раиси Шӯрои илмии Фарҳангистони тарбияти муаллими Тоҷикистон гуфтааст, ки аз 14-уми ноябри имсол ба дастури Вазорати омӯзиш ва улуми Русия, дифои рисолаҳои докторӣ дар риштаи тарбияти муаллим дар ин ҷумҳурӣ мутаваққиф шудааст.

Комиссияи олии арзишёбии Русия пеш аз ин фаъолияти тамоми шӯроҳои илмии донишгоҳҳои Тоҷикистонро, ки ӯҳдадори масъулияти дифои рисолаҳои докторӣ буданд, ба ғайр аз Донишгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон мутаваққиф карда буд.

 Бар асоси созишномаи дуҷониба, тамоми рисолаҳои докторӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон пас аз таъйид дар Комиссияи олии арзишёбии вобаста ба Вазорати омӯзиш ва улуми Русия дорои эътибор мешаванд.

 Коршиносон далели умдаи эъмоли маҳдудият дар дифои рисолаҳои докторӣ дар Тоҷикистонро ба мавзеъгирии Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия муртабит медонанд.

 Медҷедев чанде қабл дар ҳамоиши рушди улуми донишгоҳӣ дар шаҳри Санкт-Петербург аз афзоиши мавориди дифоъ аз рисолаҳои докторӣ дар Тоҷикистон интиқод ва таъкид карда буд, ки фақат дар соли 2015 дар Донишгоҳи миллӣ ва Фарҳангистони тарбияти муаллими Тоҷикистон 40 рисолаи докторӣ дифоъ шудааст, ки ниёз ба таҳқиқ ва баррасӣ дорад.

Гуфта мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои ахир талош кардааст, ки раванди дифои рисолаҳои докторӣ дар ин кишварро ба таври мустақил аз Русия баргузор кунад, ки ин талош ба ҷое нарасидааст.