Оғози размоиши нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон
Размоиши нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон бо ширкати беш аз 1000 низомии ин кишвар дар ҷануби Тоҷикистон оғоз шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон размоиши нерӯҳои пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон бо ширкати беш аз ҳазор низомии ин кишвар дар пойгоҳи омӯзишии Ҳарбмайдон дар вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон оғоз шуд.
Ин размоиши такитикӣ дар се марҳила бо истифодаи беш аз 300 адад таҷҳизоти низомии вижа ва мушорикати чахболҳои нерӯи ҳавоии артиши Русия баргузор ва зимни амалиёти шиносоӣ, парокандасозӣ ва аз байн бурдани гуруҳҳои ғайриқонунӣ анҷом хоҳад шуд.
Бино бар иттилоъияи дафтари матбуъотии минтақаъии марказӣ низомии Русия, ҳамаи иқдомоти тактикӣ бо истифода аз сомонаҳои таҷассусӣ-тирандозӣ ва таҷассусӣ- зарбатӣ анҷом мешавад.
Ба эътиқоди таҳлилгарони масоили минтақаӣ ин размоиш бо таваҷҷуҳ ба буҳрони Украина ва эҳтимоли таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ ва ифротии мустақар дар шимоли Афғонистон зидди кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.