Таъсири мамнуъияти содироти бархе аз маҳсулот аз Русия ба бозори Тоҷикистон
(last modified Mon, 14 Mar 2022 16:30:38 GMT )
Март 14, 2022 21:30 Asia/Dushanbe
  • Таъсири мамнуъияти содироти бархе аз маҳсулот аз Русия ба бозори Тоҷикистон
    Таъсири мамнуъияти содироти бархе аз маҳсулот аз Русия ба бозори Тоҷикистон

Ҳукумати Русия содироти 200 навъ маҳсулот аз ҷумла қанду шакар, нуриҳои менералӣ, орду гандум, дору ва таҷҳизоти пизишкӣ ва равғани мойеъро мамнуъ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, Умед Ҷураев иқтисоддони тоқик муътақид аст, ки дар ҳоли ҳозир дар бозори дохилии Тоҷикистон қимати маводи ғизоӣ ва анвоъи маҳсулот мушоҳида мешавад, ки на таъсири иқдомоти Русия балки таваррум ва афзоиши нархи сӯхт сабаби ин вазъ шуда аст.

Иқтисоддони тоҷик таъкид кард: Тоҷикистон танҳо 15 дарсад аз қанду шакари мавриди ниёзи худро аз Русия ворид мекунад, ки метавонад Покистонро ҷойгузини Русия кунад. Аммо нархи бархе аз маҳсулоти ғизоӣ ва маводи хоми саноъати, ки Тоҷикистон аз Русия ворид мекард, метавонад то 15 дарсад афзоиш ёбад.

Ҳамчунин 60 дарсад аз равғани моеъи мавриди ниёзи Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад, ки мамнуъияти содироти ин маҳсул сабаби гаронии он дар Тоҷикистон мешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2021 мизони муъомилоти тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон ба 1 миллиарду 114 миллион доллар расид, ки 1 миллиард доллари он содирот аз Русия ба Тоҷикистон буда аст.