Март 15, 2022 12:37 Asia/Dushanbe
  • Таъйиди тирандозии ҷадид ба хонаи сокини ҷамоати Чоркӯҳ аз сӯи Қирғизистон

Пас аз тавофуқи ахири мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон, ки тирандозии бидуни далел дар марзи муштараки ду кишвар аз сӯи марзбононро мамнӯъ кард, дар ҳодисаи ҷадид чанд гулӯла бо сӯи хонаи як сокини шаҳраки Сомониён шиллик шудааст.

Ба гузориши сомонаи Спутник, мақомоти марзбонии Қирғизистон бо таъйиди ин хабар гуфтаанд, ки чанд тир барои куштани сагҳои дайду шиллик шуда, ки иттифоқӣ ба хонаи Абдунаим Абдуллоев,  сокини шаҳраки Сомониёни ноҳияи Исфараи Тоҷикистон бархӯрд кардааст.

Гуфта мешавад, ба аҳли хонаводаи вай осеб нарасида ва мақомоти марзбонии ду кишвар машғӯли баррасии ин ҳодиса мебошанд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар поёни 7 соат музокираи мақомоти сиёсӣ ва марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи баррасии низои ахири марзӣ, ёдошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карданд, ки истифодаи аслиҳа дар манотиқи марзӣ бидуни далели қотеъ барои марзбонони ҳар ду кишвварро мамнӯъ мекард.

Ин нишаст барои баррасии даргирии мусаллаҳона байни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон, ки мӯҷиби кушта шудан як марзбони тоҷик ва захмӣ шудани ду нафар дигар гардид, баргузор шуд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп