Март 15, 2022 13:03 Asia/Dushanbe
  • Муофияти 10 солаи воридоти худравҳои барқӣ ба Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қонуни фаъолияти гумрукии ин кишварро ислоҳ кард, ки бар асоси он барои воридкунандагони худравҳои барқӣ муофияти 10 сола аз пардохти молиёт, молиёт бар арзиши афзӯда ва молиёти иҷтимоӣ эъто мешавад.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия ва Гулбаҳор Назирӣ, намояндаи Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон дар ин нишаст бар зарурати тасвиби ин ислоҳия ба далели мулоҳизоти зист муҳитӣ ва афзоиши бесобиқаи қиммати бензин ва салярка дар ин кишвар таъкид карданд. Зеро воридкунандагони таксиҳо ва автобусҳои барқӣ акнӯн метавонанд аз ин имтиёз истифода кунанд, ки ҳам аз нигоҳи ҳифзи муҳити зист ва ҳам аз ҷиҳати сарфаҷӯии молӣ, муҳим ва муфид мебошад.

Дар ҳоли ҳозир ба гуфтаи мақомоти шаҳрдории Душанбе,  20 адад таксии барқӣ, ки аз Чин вориди шуда дар пойтахти Тоҷикистон ҷо ба ҷоии мусофиронро оғоз карданд ва қарор аст дар рӯзҳои наздик 80 дастгоҳи дигар низ ба шабакаи ҳамлу нақли Душанбе афзӯда шавад.

Ин мақомот мегӯянд, ки таксиҳои барқӣ дар муддати 30 дақиқа аз барқ мешаванд ва метавонанд то 300 километр роҳро тай кунанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп