Гуфтугӯи телефонии Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти Туркманистон
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси ҷумҳурии феълии Туркманистон ва раиси ҷумҳурии мунтахаби ин кишвар телефонӣ гуфтугӯ кард.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии феълии Туркманистон ва Сардор Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии мунтахаби ин кишвар телефонӣ гуфтугӯ кард.
Ба гузориши сомонаи “Ховар”, Эмомалӣ Раҳмон баргузории муваффақиятомези интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Туркманистонро ба Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов табрик гуфт.
Вай ҳамчунин интихоби Сардор Бердимуҳаммадов дар олитарин пости давлатии Туркманистонро табрик гуфт ва барои вай орзуи саломатӣ ва муваффақият кард.
Дар ин тамоси телефонӣ таъкид шуд, мардуми бародари Туркманистон ба раиси ҷумҳурӣ Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов пешрафтҳои чашмгире дар тавсеаи иқтисодӣ - иҷтимоии ин кишвар тақвияти эътибори байналмилалӣ доштаанд.
Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов барои тақвияту густариши ҳамкориҳои созанда байни ду кишвар низ қадрдонӣ кард.
Ду тараф омодагии худро барои идомаи гуфтугӯҳои байнидавлатӣ дар ҳамаи абъоди дастури кори равобити дуҷониба ва чандҷониба байни Тоҷикистон ва Туркманистон эълом карданд.
Раҳмон дар поёни ин гуфтугӯ аз Сардор Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии ҷадиди Туркманистон даъват кард то дар фурсати муносиб ба Тоҷикистон сафар кунад.