Март 16, 2022 20:11 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши кумакҳои башардӯстонаи хориҷӣ ба Тоҷикистон

Ҳаҷми кумакҳои башардӯстонаи кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон аз ибтидои соли ҷорӣ ба таври қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёфтааст .

Тоҷикистон дар соли гузашта аз 62 кишвари хориҷӣ ба маблағи 111 миллиону 390 ҳазор доллар дар маҷмуъ ба ҳаҷми беш аз 29 ҳазор тон кумаки башардӯстона дарёфт кардааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, ҳаҷми кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон дар моҳҳои январу феврали имсол беш аз 42 миллиону 924 ҳазор доллар буда, ки 38.5 дарсад аз кулли кумакҳои башардӯстонаи соли гузаштаро ташкил медиҳад .

Дар моҳҳои январ – феврали соли ҷорӣ 34 кишвари мухталифи ҷаҳон ба Тоҷикистон ба ҳаҷми беш аз 1.6 ҳазор тон кумаки башардӯстона ироа кардаанд .
Маҳсулоте ки Тоҷикистон дар ин давра аз кишварҳои хориҷӣ дарёфт кардааст  шомили орд, равған, дору, маҳсулоти беҳдоштӣ ва ғизоиву ғайра буд .

Чин бо 41.2 дарсад ва Узбекистон низ бо 2.7 дарсад аз аслитарин кишварҳои ироакунандаи кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон ба шумор мераванд.

 

Барчасп