Афзоиши кумакҳои башардустона ба Тоҷикистон
Март 17, 2022 11:06 Asia/Dushanbe
Кумакҳои башардустона ба Тоҷикистон аз ибтидои соли ҷории мелодӣ ба таври қобили таваҷҷӯҳе афзоиш ёфтааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мизони кумакҳои башардустона ба Тоҷикистон дар моҳҳои январ ва феврали имсол ҳудуди 42 миллион ва 924 ҳазор доллар будааст.
Тоҷикистон дар соли гузашта аз 62 кишвар 111 миллион ва 390 ҳазор доллар, кумаки башардустона дарёфт кардааст.
Дар моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ низ 34 кишҷвар ба Тоҷикистон беш аз 1.6 ҳазор тон кумаки башардустона ирсол карданд.
Кумакҳои дарёфт шудаи Тоҷикистон шомили орд, руған, дорӯ, маҳсулоти беҳдоштӣ ва ғизоӣ будааст.
Бештар бихонед:
Барчасп