Сармоягузории ҳудуди якмиллиарддолларии Бонки тавсеаи Осиё дар Тоҷикистон
Ҳудуди як миллиард доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ шудааст.
Бонки тавсеаи Осиё дар 15 тарҳи Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.
Ин матлаб дар нишасти баррасии сеҷониба проектҳои сармоягузории таъминимолишудаи Бонки тавсеаи Осиё дар Тоҷикистон дар Душанбе унвон шуд.
Саъдӣ Қодирзода-раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлати Тоҷикистон гуфт:Арзиши тарҳҳои сармоягузоришудаи Бонки тавсеаи Осиё дар Тоҷикистон 922.8 миллион доллар аст.
Дар ин ҷаласа дар хусуси иҷрои проектҳо, дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуд, гузоришҳои аз расони идораҳои иҷроӣ ва иҷрои тарҳҳои сармоягузории умумӣ бо таъмини молии Бонки тавсеаи Осиё шунида шуд
Бонки тавсеаи Осиё бо маҷмӯъи кумакҳои молии беш аз 2.5 миллиард доллар, шомили беш аз 1.9 миллиард доллар кумакҳои ройгон аслитарин кумаккунандаи молии Тоҷикистон аст.
Бонки тавсеаи Осиё дар соли 1966 барои ҳимоят аз тавсеаи иқтисодӣ, ҳамгароии минтақаӣ ва рушди пойдор дар Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором дар Манилаи Филиппин таъсис шудааст. Ҳамакнун 67 кишвар узви ин бонк аст.
Тоҷикистон дар соли 1998 узви ин бонк шуд.
Бонки тавсеаи Осиё соли гузашта 221 миллион доллар, имсол ҳудуди 80 миллион доллар ба Тоҷикистон кумаки ройгон карда ва қасд дорад соли оянда 240 миллион доллари дигар (кумак молӣ) ба ин кишвар ихтисос диҳад.