Афзоиши кумакҳои башардустона ба Тоҷикистон
(last modified Thu, 17 Mar 2022 06:06:16 GMT )
Март 17, 2022 11:06 Asia/Dushanbe
  • Кумакҳои дарёфт шудаи Тоҷикистон шомили орд, руған, дорӯ, маҳсулоти беҳдоштӣ ва ғизоӣ будааст
    Кумакҳои дарёфт шудаи Тоҷикистон шомили орд, руған, дорӯ, маҳсулоти беҳдоштӣ ва ғизоӣ будааст

Кумакҳои башардустона ба Тоҷикистон аз ибтидои соли ҷории мелодӣ ба таври қобили таваҷҷӯҳе афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мизони кумакҳои башардустона ба Тоҷикистон дар моҳҳои январ ва феврали имсол ҳудуди 42 миллион ва 924 ҳазор доллар будааст.

Тоҷикистон дар соли гузашта аз 62 кишвар 111 миллион ва 390 ҳазор доллар, кумаки башардустона дарёфт кардааст.

Дар моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ низ 34 кишҷвар ба Тоҷикистон беш аз 1.6 ҳазор тон кумаки башардустона ирсол карданд. 

Кумакҳои дарёфт шудаи Тоҷикистон шомили орд, руған, дорӯ, маҳсулоти беҳдоштӣ ва ғизоӣ будааст.

 

Бештар бихонед: