Сафири нави Тоҷикистон дар Британия устуворномаи худро ба малика Элизабет тақдим кард
Сафири нави Тоҷикистон дар Британия дар маросиме устуворномаи худро ба маликаи Британия Элизабети дувум тақдим кард.
Ба гузориши “Форс”, Рухшонаи Эмомалӣ, сафири нави Тоҷикистон дар Британия дар маросиме устуворномаи худро ба малика Элизабети дувум тақдим кард.
Ӯ баъд аз додани устуворномаи худ, паёми Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни ду кишвари дӯст ва ҳафтодумин солгарди ба салтанат расидани малика Элизабети дувумро расонд.
Тарафайн дар ҷараёни ин маросим ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Британия ва чашмандози тавсеаи он табодули назар карданд.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 декабри соли гузашта Рухшонаи Эмомалиро ба унвони сафири нави ин кишвар дар Британия таъйин кард.