Таъйини сафири нави Қазоқистон дар Тоҷикистон
Март 18, 2022 20:33 Asia/Dushanbe
Сафири нави Қазоқистон дар Тоҷикистон таъйин шуд.
Қосим Жоомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон бо судури фармоне Аскар Тоҷибоевро аз симати сафири ин кишвар дар Тоҷикистон барканор ва Валихон Тӯрахоновро барои ин симмат таъйин кард.
Сафири нави Қазоқистон дар шаҳри Душанбе, мутаваллиди 29 сентябри 1968 дар шаҳри Шимкент ва фориғуттаҳсили Муассисаи омӯзгории ин шаҳр ва Донишгоҳи иқтисодии минтақаи Қароғандӣ аст.
Тӯрахонов фаъолияти кории худро ба унвони устоди таърих шуруъ ва сипас дар соли 1994 вориди хадамоти дипломатӣ дар бахши консулӣ шуд.
Барчасп