Афзоиши талоқ дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 19 Mar 2022 06:49:25 GMT )
Март 19, 2022 11:49 Asia/Dushanbe

Афзоиши талоқ дар Тоҷикистон сабаби бесарпараст шудани 15 ҳазор кӯдак шудааст.

Бар асоси омори расмӣ, рӯзона 37 хонавода ва 1100 хонавода дар ҳар моҳ дар Тоҷикистон аз ҳам мепошанд.

Афзоиши талоқ дар соли 2021 мунҷар ба аз ҳампошидани 14 ҳазор хонавода ва бесарпараст шудани ҳудӯди 15000 кӯдак дар Тоҷикистон шудааст.

Масъулон сабаби афзоиши талоқ дар Тоҷикистонро мушкилоти иқтисодӣ унвон мекунанд.

Садбарг Раҷабоваи 32 сола низ якӣеаз заноне аст, ки пас аз ҷудо шудан аз ҳамсар дар шаҳри Душанбе бо ҷамъоварии партовҳои гуногун рӯзгор мегузаронад. Ӯ аз 2 шавҳри худ 4 фарзанд дорад.

Фарзандонии шавҳари аввалаш мактаб мераванду 2 фарзанд аз шавҳари дувумаш ҳанӯз кучак ҳастанд.

Ӯ дар хонае ниматамом зиндагӣ ва моҳе 350 сомонӣ иҷора медиҳад.

Аммо соҳибхонаи феълии ӯ низ эълом карда, бояд хонаро холӣ кунад.