Март 19, 2022 16:58 Asia/Dushanbe
  • Эъломи замони лағви маҳдудияти барқ дар вилояти Суғд

Замони лағви маҳдудияти барқ дар вилояти Суғд эълом шуд.

Мақомоти вилояти Суғд эълом карданд, ки маҳдудияти барқ дар ин минтақа дар остонаи фарорасии Наврӯз лағв хоҳад шуд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, мақомот гуфтанд, дар бештари шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба иллати таъмиру бозсозии хутути интиқол, маҳдудияти барқ мешуд, ки бо фарорсии Наврӯз лағв мешавад.

Ҳусайн Шарифиён, муовини масъули идораи Ширкати барқи вилояти Суғд ҳам таъкид кард, “Ҳоло дар хатҳои барқрасонии пойгоҳҳои обкашӣ таъмиру таҷдид ҷараён дорад. Ин кор бо мақсади дар фасли баҳору тобистон бебарқ ва беоб намондани хоҷагиҳои кишоварзӣ мебошад ва бо дастури Хадамоти танзимгарии марказӣ амалӣ карда мешавад”.

Ин масъули идораи барқрасони Суғд таъкид кард, ки таъмири хатҳои барқ то Иди Наврӯз ба итмом расонида шуда, мушкили барқрасонӣ ҳам ба пуррагӣ дар саросари вилоят бартараф мешавад.