Сафири Эрон дар Тоҷикистон Наврӯзро табрик гуфт
(last modified Sun, 20 Mar 2022 12:21:30 GMT )
Март 20, 2022 17:21 Asia/Dushanbe

Сафири Эрон дар Тоҷикистон, Наврӯзи бостонӣ, ки сароғози баҳори дилнишин ва таҷаллигоҳи зеботарин ҷеҳраи табиъат ва ҳастӣ астро ба ҳамватанони эронӣ ва ҳамкешон ва ҳамтаборони арҷуманди тоҷик ва ба ҳамаи мардумоне, ки Наврӯзро гиромӣ медоранд, табрик ва шодбош гуфт.

Ба гузориши ихтисосии радиои тоҷикии  Садои Хуросон, Муҳаммадтақии Собирӣ ба муносибати таҳвили соли хуршеди, гуфт:

Зи куӣ ёр меояд насими боди наврӯзӣ

Аз  ин бод ар мадад хоҳӣ чароғи дил барафрӯзӣ

Сафири Эрон дар Тоҷикистон афзуд: Наврӯзи бостонӣ, ки сароғози баҳори дилнишин ва таҷаллигоҳи зеботарин чаҳраи табиъат ва ҳастӣ астро ба ҳамватанони эронӣ ва ҳамкешону ҳамтаборони арҷуманди тоҷик ва ба ҳамаи мардумоне, ки Наврӯзро гиромӣ медоранд, самимона табрик ва шодбош мегуяд.

Собирӣ хотирнишон кард: Наврӯз ҷилва ва мазҳаре аз тафаккур, хирадандузӣ ва нав шудан аст ва бар мабнои ҳамин дарк буда аст, ки тавониста аст дар тули таърих машъали фарҳанги сулҳ, мудоро ва дӯстиро равшан нигоҳ дорад.

Вай ёдовар шуд: Аз Худованди Мутаъол дархост мекунам дар ин аёме, ки вируси шуми корона кишварҳои ҷаҳонро даргир намуда аст, ҳар чи зудтар ин беморӣ решакан ва саломатӣ ва оромиш дар байни мардум барқарор шавад. Сафири Эрон дар Тоҷикистон афзуд: Умедворам Наврӯз барои ҳамаи мардуми дунё ва махсусан барои ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрон ва Тоҷикистон саршор аз саломатӣ, комравоӣ ва беҳрӯзӣ буда ва рӯз ба рӯз шоҳиди густариш ва тавсеъаи равобити ин ду кишвар дар тамоми арсаҳо бошем.

Собирӣ ашъори зерро ҳам дар поён оварда аст:

Баромад боди субҳу бӯи наврӯз

Ба коми дустону бахти пирӯз

Муборак бодат ин солу ҳама сол

Ҳумоюн бодат ин рӯзу ҳама рӯз

Иди Наврӯз бар ҳамагон муборак!

Зинда боз дустии Эрон ва Тоҷикистон!