Ройзании Эмомалӣ Раҳмон ва камисари олии Созмони Миллал дар умури паноҳандагон
(last modified Mon, 21 Mar 2022 17:08:37 GMT )
Март 21, 2022 22:08 Asia/Dushanbe
  • Ройзании Эмомалӣ Раҳмон ва камисари олии Созмони Миллал дар умури паноҳандагон
    Ройзании Эмомалӣ Раҳмон ва камисари олии Созмони Миллал дар умури паноҳандагон

Дар дидори раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти Камисариёи олии Созмони Миллал дар умури паноҳандагон масоили марбут ба мушкилоти паноҳҷуёни афғон баррасӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Флиппо Гранди, камисари олии Созмони Миллал барои паноҳандагон дар Қасри Миллати шаҳри Душанбе дидор ва гуфтугӯ карданд.

Дар ин дидор ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Миллали Муттаҳид ва сохторҳои он аз ҷумла дафтари камисари олии паноҳандагон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханоне аз ҳамкории Тоҷикистон дар чорчуби конвесиёни Созмони Миллали Муттаҳид дар мавриди вазъияти паноҳандагон изҳори ризоят кард ва ҳамкории мусмирисамар бо дафтари камисари олии паноҳандагони Созмони Миллалро намунаи бориз аз муносибати Душанбе бо сохторҳои тахассусии Созмони Миллал хонд.

Дар ин дидор тарафайн дар хусуси беҳбуди бештари чорчуби қонунии раванди ҳамкорӣ, эҷоди абзорҳои қонунии муносиб ва мунтабиқ кардани қавонини миллии Тоҷикистон бо истондортҳои байналмиллалӣ табодули назар карданд.

Дар робита бо руйдодҳои ахир дар Афғонистон, ки мунҷар ба буҳрони амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва инсонӣ дар ин кишвар шуд пешниҳод шуд, ки равобити кории мусмирисамар ҷиҳати ироаи кумакҳои башардустонаи ҳадафманд ба мардуми Афғонистон идома ёбад.

Дар ин дидор ду тафар ҳамчунин дар мавриди дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ карданд.