Гуфтугӯи вазирони хориҷаи Эрон ва Тоҷикистон
Ҳусейн Амир Абулоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон шаби душанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси мавзуъоти матраҳшуда дар нишасти Созмони ҳамкории исломӣ дар Исломобод ба гуфтугӯ ва табодули назар пардохт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНА, вазири умури хориҷаи Эрон дар ибтидои ин гуфтугӯи телефонӣ бо табрики соли нав ва оғози қарни ҷадиди хуршедӣ ибрози умедворӣ кард сол ва қарни ҷадид дар фазое ба дур аз бадиҳо ва саршор аз зебоиҳо барои мардуми ҷаҳон ва кишварҳои минтақа шакл гирад.
Амри Абдулоҳиён ҳамчунин бо иблоғи саломи раиси Ҷумҳурии Эрон ба раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати Сайид Иброҳими Раисӣ барои сафари раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари Эронро дубора матраҳ кард.
Вазири умумри хориҷаи Эрон бо ишора ба баргузории нишасти вазирони умури хориҷаи Созмони ҳамкории исломӣ дар Покистон ибрози умедворӣ кард бо талоши кишварҳои узв ин созмон маҳалле барои ҳамдилӣ ва ҳамбастагии уммати мусалмон бошад ва аз вуруд ба арсаҳое, ки ба ваҳдат ва якбпорчагии ин Созмон ва уммати исломӣ латма ворид месозад, парҳез гардад.
Сироҷиддин Мурҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ, ки ҳамзамон бо ҳузури вай дар Исломобод анҷом шуд, зарурияти ҳифзи ваҳдат дар Созмони ҳамокории исломиро мавриди тайид қарор дод.
Вазирони умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар ин гуфтугӯи телефонӣ дар хусуи нишасти ояндаи Афғонистон, ки қарор аст дар ҳафтаҳои оянда дар Чин баргузор шавад ба гуфтугӯ ва табодули назар пардохтанд.