Март 23, 2022 19:31 Asia/Dushanbe
  • Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид

ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату кумитаҳои дахлдор дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид.

Дар фестивал намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими кишвар ва васоити ахбори омма иштирок намуданд. Дар доираи фестивал ҳунарҳои мардумӣ, оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои миллии варзишӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ, либоси миллӣ ва имкониятҳои хизматрасонии сайёҳӣ ба намоиш гузошта шуд.

Тавре иттилоъ доданд, нахуст дар чорабинӣ меҳмонону иштирокчиён аз намоишгоҳи сайёҳию наврӯзӣ, ки аз ҷониби сокинони пойтахт омода шуда буд, дидан намуданд.

Фестивали мазкур соли чорум аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ гузаронида шуда, мақсади он муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳон мебошад.

Ҷашни Наврӯз бо хусусиятҳои хоси худ яке аз намунаҳои муҳими сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тоҷик арзёбӣ мегардад.