Баррасии ҳамкориҳои бонкии Тоҷикистон ва Ҳинд дар Душанбе
(last modified Thu, 24 Mar 2022 15:08:22 GMT )
Март 24, 2022 20:08 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкориҳои бонкии Тоҷикистон ва Ҳинд дар Душанбе
    Баррасии ҳамкориҳои бонкии Тоҷикистон ва Ҳинд дар Душанбе

Мақомоти аршади Тоҷикистон ва Ҳинд дар шаҳри Душанбе дидор ва масоили марбут ба тақвият ва ҳамоҳангии ҳамкории ду кишвар дар бахши бонкиро баррасӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Вириҷ Синг, сафири Ҳинд дар ин кишвар дидору гуфтугӯ карданд.

Ҳар ду тараф дар ин мулоқот масоили марбут ба эҷод ва ҳамоҳангии ҳамкорӣ дар бахши бонкӣ байни Тоҷикистон ва Ҳиндро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон нисбат ба густариши равобит бо Ҳинд аз ҷумла эҷодӣ мукотиба байни бонкҳои тиҷории ду кишвар, ифтитоҳи ҳисобҳои коргузории бонкҳои тоҷик ва бонкҳои ҳиндӣ, густариши ҳамкорӣ байни системаҳои пардохт, имкони эҷоди дафтарҳои намояндагии бонкҳои Ҳинд дар Тоҷикистон ибрози алоқамандӣ кард.

Вай афзуд бо таваҷҷуҳ ба системаи бонкии тавсеаёфтаи Ҳинд ва беҳтарин таҷрубиёти ин кишвар, мо муътақидем, ки тавсеаи равобити қобили қабули эътимод бо бонкҳои Ҳинд ба нафъи мо аст.

Синг дар мавриди тавоноиҳоӣ системаи бонкии Ҳинд, марокизи пардозиши модерн бо дастрасӣ ба тамоми кишварҳои тавсеаёфта ва ғайра суҳбат кард.

Сафири Ҳинд гуфт: Барои тавсеаи пойдори ҳамкории байни системаҳои бонкии Ҳинд ва Тоҷикистон баргузории як конфронси видеоии муштарак барои тақвият дар мавриди ин мавзуъот зарурӣ ва муфид хоҳад буд.

Сафири Ҳинд дар Тоҷикистон дар поёни суханони худ барои густариши ҳамкориҳо дар системаи бонкӣ изҳори омодагӣ кард.

Тарафайн дар ин дидор дар хусуси мавзуъоти мавриди алоқаи ду тараф табодули назар ва омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба иброз доштанд.