Март 26, 2022 12:04 Asia/Dushanbe
  • Сандуқи байналмилалии пул хостори афзоиши нархи барқ дар Тоҷикистон шуд

Сандуқи байналмилалии пул аз мақомоти Тоҷикистон хост барои беҳбуди вазъи молии Ширкати "Барқи Тоҷик"  қимати барқро афзоиш диҳад.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, дар ин дархост таъкид шудааст, барои шафофияти амалкарди Ширкати давлатии "Барқи Тоҷик"  ва коҳиши қарзи ин ниҳод, зарурати афзоиши қимати барқи масрафӣ дар Тоҷикистон вуҷӯд дорад.

Ин дар ҳоле аст, ки тайи 10 соли ахир қимати ҳар киловат/соат барқи бахши хонагӣ аз 9 дирам дар соли 2010 ба 22.6 дирам дар соли 2020 расид.

Мақомоти Тоҷикистон далели афзоиши дубораи қимати барқ дар кишварро дархости ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва минтақӣ эълом мекунанд, онҳо мегӯянд, яке аз шароити пардохти қарзи ниҳоди молӣ ба Тоҷикистон афзоиши қимати барқ дар бахшҳои мухталиф аст.

Коршиносон низ муътақиданд бо ихтисоси қарзҳои зиёд ва афзоиши қимати барқ дар Тоҷикистон авзоъи молии ширкати "Барқи тоҷик"  беҳбуд намеёбад.

Ширкати "Барқи Тоҷик"  бо 32 миллиард сомонӣ қарздортарин идораи давлатии Тоҷикистон аст.

 

Барчасп