Март 26, 2022 19:51 Asia/Dushanbe
  • Ширкати намояндагони Тоҷикистон дар нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони умури хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ширкат мекунад.

Ба гузориши “Ховар”, ҳайати Тоҷикистон дар сеюмин конфронси вузарои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон (Русия, Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон), ки 31 марти соли ҷорӣ дар Чин баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Дар ин конфронс масоили марбут ба ҳамоҳангии талошҳои минтақаӣ дар масири башардӯстона, иҷтимоӣ – иқтисодӣ, кумак ба Афғонистон ва ҳамчунин рӯйкардҳо барои муқобила бо таҳдидоти тероризм ва ​​қочоқи маводи мухаддир баррасӣ мешавад.

Ба гуфтаи намояндаи расмии Вазорати умури хориҷаи Русия, дар ҳошияи ин маросим қарор аст руасои ҳайатҳои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бо ҳайати Толибон гуфтугӯ кунанд.