Март 26, 2022 21:39 Asia/Dushanbe
  • Имсол кишоварзони тоҷик дар замине ба масоҳати 186 ҳазор гектар пахта мекоранд

Бо фаро расидани Наврӯз дар Тоҷикистон, кишоварзон шуруъ ба кишти базри пахта кардаанд.

Лоиқ Туйчизода, раиси Идораи матбуот ва иттилоърасонии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфт, имсол бар асоси пешбинӣ 186 ҳазор гектар зери кишти пахта меравад.

Ба гуфтаи мутахассисони кишоварзӣ, пахта дар манотиқи кишвар баста ба шароити обуҳавоӣ кишт мешавад. Ҳарорати ҳавои хок бояд болои 8 дараҷа бошад то базрҳо дар зери хок пӯсида нашаванд.

Дар соли 2021 ҳудуди 191 ҳазор гектар заминҳои кишоварзии Тоҷикистон зери кишти пахта будааст.

Имсол сатҳи зери кишти пахта нисбат ба соли гузашта 5000 гектар камтар аст.

Зокирхон Хидиров, донишёри гуруҳи пахта, женетик, ислоҳи нажод ва тавлиди базр дар Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон гуфт, базрҳо бояд зарфи 8 ё 10 рӯз ҷавона бизананд.

Вай афзуд, агар давраи ҷавоназанӣ то 15 ё 20 рӯз тӯлонӣ шавад, дар ин сурат панба пӯсида мешавад.

Ба гуфта вай, яке аз шартҳои аслӣ барои кишти маҳсули хуби панба, интихоби саҳеҳи базри панба аст, барои кошт бояд арқомеро интихоб кард, ки минтақаӣ ҳастанд, нисбатан зуд мерасанд, амалкарди боло ва кайфияти нахии хубе доранд.

Ӯ идома дод, яке дигар аз шароите, ки кишоварз бештар ба он тавваҷуҳ мекунад, риояти давраи кошт аст. Дар солҳои ахир кишоварзон талош мекунанд кошти пахтаро зудтар оғоз кунанд. Агар давраи кошти панба зуд шуруъ шавад, боиси такрори кошт мешавад.