Март 28, 2022 09:58 Asia/Dushanbe
  • Ройзании мақомоти шаҳрдории Тоҷикистон ва Австрия

Дар дидори мақомоти шаҳрдории Клагенфурти Австрия ва Душанбеи Тоҷикистон тавсеаи бештари ҳамкорӣ байни ду шаҳри бародархонда баррасӣ шуд.

Адойс Долинор, муовини шаҳрдори Клагенфурти Австрия бо даъвати Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон вориди Душанбе шуд.

Ҳайати австрияӣ дар ин сафар дар сеюмин ҳамоиши байналмилалӣ бо мавзуи «Наврӯзи Душанбе – маркази иртибототи фарҳангиву гардишгарӣ» ва чаҳорумин Ҷашнвораи байналмилалии “Наврӯз мероси фарҳангиву гардишгарӣ” ширкат кард.

Дар бинои шаҳрдории Душанбе ҳайати австрияӣ мавриди истиқболи Ҷамшед Табарзода, муовини шаҳрдори Душанбе қарор гирифт.

Тайи ин дидор бар аҳамияти тақвияти равобит байни ду шаҳри бародархонда тамаркуз шуд ва асноди мавҷуди ҳамкорӣ мавриди тавваҷуҳи вижа қарор гирифтанд.

Намояндагони ҳайати австрияӣ ҳамчунин бо коркунони Кумитаи тавсеаи гардишгарии вобаста ба давлати Тоҷикистон мулоқот ва сипас ба нишони дӯстӣ дар парки фарҳангии “Ҷавонон” дарахт коштанд.

Тавофуқномаи бародархондагӣ байни Душанбе ва Клагенфурт дар сол 1972 имзо шудааст.

 

Барчасп