Фақр, яке аз далоили фурӯпошии хонаводаҳо дар Тоҷикистон
(last modified 2022-03-28T06:14:04+00:00 )
Март 28, 2022 11:14 Asia/Dushanbe
  • Фақр, яке аз далоили фурӯпошии хонаводаҳо дар Тоҷикистон

Раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз ҳампошидагии хонаводаҳо дар Тоҷикистонро бисёр нигаронкунанда хонд.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода яке дигар аз далоили талоқро ноогоҳии афрод аз иллати издивоҷ донист. Вай афзуд: “Агар ҷавонон, чӣ духтар ва чӣ писар аз зиндагӣ, ҳикмати зиндагӣ, ҳадафи зиндагӣ ва вазоифи аслии волидайн иттилооти кофӣ дошта бошанд, ин мавзуъ то ҳудуде ҳал мешавад.

Раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфт, зану шавҳар агар таҳсилоти олӣ дошта бошанд ва баъд издивоҷ кунанд, мизони мушкилоти хонаводагии онҳо бисёр камтар хоҳад шуд.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, муваффақияти давлат дар гарави омӯзиши хонаводаҳо аст.