Мутааҳҳид шудани масъулони ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои гарон накардани қимати билет
Мақомоти Созмони ҳавопаймоии Тоҷикистон аз тааҳҳуди мудирони ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои гарон накардани қимати билет дар масири Тоҷикистон ва русия хабар доданд.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, дар пайи нишасти муштараки мақомоти ин созмон бо намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе эълом шуд, ки қимати билет барои ҳар мусофир дар парвозҳои миёни ду кишвар набояд аз 250 то 300 доллар бештар бошад.
Ин мақомот таҳдид кардаанд, ки дар сурати тахаллуф аз ин дастур иҷозаномаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ бекор мешавад.
Ин дар ҳоле аст, ки дар феврали соли ҷорӣ ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва Русия қимати билет барои ҳар мусофирро 5 ҳазор сомонӣ эълом карданд, ки муҷиби эътирозот ва норизоятии мусофирон шуд.
Дар ҳоли ҳозир ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” –и Тоҷикистон ва ду ширкати русии “Уралские авиалинии” ва “Ют Эйр” –и Русия парвозҳои муназзами рафтубаргашт миёни ин ду кишварро анҷом медиҳанд.
Бар асоси эъломи мақомоти Вазорати нақлиёти Русия аз 28 марти соли ҷорӣ парвозҳои ду ширкати дигари Русия ба мақсади Тоҷикистон барқарор мешавад.