Март 28, 2022 21:29 Asia/Dushanbe
  • Тағйир дар муқарароти сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон муқаррароти сафари шаҳрвандони ин кишвар ба Узбекистон ва ҳузури шаҳрвандони  ӯзбек дар Тоҷикистонро ислоҳ кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, бар асоси ин ислоҳия, акнӯн шаҳрвандони ду кишвар ҳангоми сафар ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тайи муддати 10 рӯзи нахуст ниёзе ба сабти ном дар идороти гузарнома нахоҳанд дошт.

Равшан Раҷабзода, намояндаи Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон гуфт, ин ислоҳия ба манзур осонӣ дар сафарҳои ду ҷонибаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон матраҳ ва тасвиб шуд.

Ҳукӯмати Узбекистон низ қаблан шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳангоми вуруди онон ба ин кишвар тайи 10 рӯзи нахуст аз сабти ном дар идороти гузарнома маоф карда буд.

 

Барчасп