Март 29, 2022 20:46 Asia/Dushanbe
  • Ширкати раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон дар нишасти Шурои байнипарлумонии ИДМ

Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, ки барои ширкат дар сиюмин нишасти Маҷмаи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Қазоқистон ба сар мебарад, тайи суханронӣ дар ин ҷаласа, бар нақши ин шуро дар таҳкими равобит байни кишварҳои узв таъкид кард.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, Рустами Эмомалӣ гуфт, ки тайи 30 соли гузашта Шурои байнипарлумонии ИДМ ба унвони як ниҳоди қудратманд фаъолияти муассир дошта ва Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкории парлумонӣ бо ин маҷмаъ ҳамвора талош ба харҷ додааст.

Рустами Эмомалӣ ҳамчунин дар дидор бо Мавлон Ҳошимбоев, раиси Маҷлиси сенати Қазоқистон, сатҳи феълӣ ва дурнамои равобити Тоҷикистон ва Қазоқистонро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар ин дидор бар зарурати густариши ҳамкориҳои иқтисодиву сиёсӣ, парлумонӣ ва фарҳангиву омӯзишӣ миёни ду кишвар таъкид шуд.

Бар асоси омори расмӣ, дар соли 2021 ҳаҷми муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Қазоқистон нисбат ба соли қабл 30 дарсад афзоиш доштааст.

 

Барчасп